Банк
23 декабря 2022

Чи тавр ба кишварҳои ИДМ бо рақами телефон маблағ интиқол додан мумкин аст

Бо Tinkoff Black барои шаҳрвандони хориҷӣ бо рақами телефон ба наздикон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон зуд маблағ интиқол додан мумкин аст

Кадом корт барои интиқоли маблағ ба хориҷа лозим аст

Барои интиқоли байналмилалӣ тавассути Тинкофф корти дебетии Tinkoff Black лозим аст. Барои гирифтани он, танҳо дархостро дар сомона пур карда, ному насаби пурраи худ, телефони мобилӣ ва санаи таваллудро нишон диҳед. Агар шумо ғайрирезиденти Русия бошед, ба шумо яке аз ҳуҷҷатҳо лозим аст: корти муҳоҷиратӣ, патент барои кор, иҷозатномаи иқомат ё раводид — вобаста аз шаҳрвандии шумо.

Дар дархост мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки вақт ва ҷои мувофиқи гирифтани кортро нишон диҳед — масалан, суроғаи хона ё ҷои кор. Дар рӯзи интихобшуда намояндаи бонк ба шумо корт ва ҳуҷҷатҳои суратҳисобро меорад. Мо пешакӣ ба шумо дар бораи вохӯрӣ бо СМС‑паёмак ёдрас менамоем. Шумо метавонед кортро дарҳол пас аз вохӯрӣ истифода баред: танҳо суратҳисоби худро бо пули нақд дар банкомати бонки дилхоҳ пур кунед ё пулро ба корти Тинкофф аз корти бонки дигар интиқол диҳед — барои пур кардани корт пардохт нест.

Барои истифодаи корт, масалан, барои интиқоли маблағ ба хориҷа, барномаи Тинкоффро насб намоед. Ин дастрасӣ ба суратҳисоби шумост. Тавассути он, масалан, шумо метавонед ба осонӣ ҳаққи хизматрасонии мобилӣ, патентро пардохт кунед ва кори мустақилонаро ба расмият дароред.

Санаи таваллуди худро ҳамчун ПИН‑рамз истифода набаред. Чунин рамзро ёфтан осон аст, ва агар телефон ба дасти бегона афтад, қаллобон маблағро дуздида метавонанд.

Интиқол ба ИДМ бо рақами телефон чи қадар аст

Арзиши интиқол ба хориҷа аз маблағи интиқолшаванда ва асъори қабулкунанда вобаста аст.

Комиссия барои интиқол. То 20 000 ₽ дар як моҳ ройгон интиқол додан мумкин аст — яъне бе комиссия. Агар бештар интиқол диҳед, пас 1% аз маблағи интиқол комиссия ситонида мешавад.

Масалан, шумо бояд ҳар моҳ 50 000 ₽ ба хориҷа интиқол диҳед. Дар ин ҳолат, шумо 20 000 ₽ ройгон интиқол медиҳед ва аз маблағи 30 000 ₽ комиссияи 1% — 300 ₽ хоҳад буд. Ҳангоми интиқол мо 50 300 ₽ ҳисоб мекунем.

Чӣ тавр бештар бе комиссия интиқол додан мумкин аст? Ба Tinkoff Pro обуна шавед. Бо он шумо метавонед дар як моҳ 50 000 ₽ бе комиссия интиқол диҳед. Агар бештар интиқол додан лозим ояд, пас аз маблағи аз лимит зиёд 1% комиссия ситонида мешавад.

Обуна инчунин дигар шароити хизматрасонии Тинкоффро беҳтар мекунад, масалан, хизматрасонии корт ва хабардоркунии ройгон, бештар кэшбэк барои харидҳо, 600 дақиқаи муоширати ройгон аз Тинкофф медиҳад. Обунаи моҳи аввал ройгон аст, баъд 299 ₽ дар як моҳ.

Бо рубл интиқол медиҳед → бо асъори кишвари қабулкунанда мегузаронем. Чун қоида, қурби Тинкофф аз қурби Бонки марказӣ дар кишвари қабулкунанда каме фарқ мекунад. Дар ҳолатҳои нодир, қурби асъор метавонад вобаста ба рӯйдодҳои иқтисодӣ ё сиёсӣ бештар фарқ кунад.

Чи тавр ба хориҷа бо рақами телефон интиқол додан мумкин аст

Бо рақами телефон шумо метавонед интиқолро ба Арманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ё Қирғизистон анҷом диҳед.

Барои ин, амалҳои зеринро анҷом додан лозим аст:

  1. Дар барномаи Тинкофф, қисмати «Платежи»-ро интихоб намуда, сатри бахши «Переводы по телефону»-ро пахш намоед.
blog image
  1. Дар экрани кушодашуда рақами қабулкунандаро аз рӯйхат интихоб кунед ё аломати парчамро пахш намоед ва кишвареро, ки ба куҷо мехоҳед интиқол диҳед, интихоб кунед. Пас, аз рӯйхат қабулкунандаро интихоб кунед ё рақами телефони онро дастӣ ворид кунед.
blog image
  1. Бо рақами телефон бонки пайвасташудаи қабулкунанда ба таври автоматӣ илова карда мешавад. Агар якчанд бонкҳо бошанд, аз рӯйхат бонки лозимиро интихоб кунед.
blog image
  1. Маблағи интиқолро бо рубл ё пули миллӣ ворид кунед. Мо қурби асъори ҷориро нишон медиҳем.
blog image
  1. Агар комиссия барои интиқол бошад, шумо онро дар экран дар назди маблағи умумӣ мебинед.
blog image
  1. Тугмачаи «Перевести»-ро пахш намоед. Тайёр! Интиқол фавран ба суратҳисоби қабулкунанда меояд.

Агар шумо дар рӯйхат бонк ё кишвари мувофиқро барои интиқол наёфта бошед, шумо метавонед интиқолро аз рӯи рақами корт анҷом диҳед.

Чӣ тавр инро бояд кард

Барои чи боз Tinkoff Black лозим мешавад

Корти Tinkoff Black на танҳо барои интиқоли муфид дар хориҷа мувофиқ аст. Шумо метавонед онро ҳамчун яке аз кортҳои асосӣ истифода баред.

Патентро пардохт кардан. Барои зуд тамдид намудани патент, онлайн-саволномаро дар сомонаи Маркази муҳоҷират пур кунед ва реквизитҳои корти Тинкоффи худро ворид кунед. Агар шумо квитансия дошта бошед, шумо метавонед онро бо QR‑рамз пардохт кунед. Дар барномаи Тинкофф «Платежи» → «Действия» → «Оплатить по QR или фото»-ро пахш кунед.

Маошро гирифтан. Ба корти Tinkoff Black шумо метавонед аз корфармо маош гиред, инчунин, метавонед ҳамчун шахси бо кори мустақилона машғулбуда суратҳисоб кушоед ё онро ба суратҳисоби СИ пайваст кунед. Барои ин, аз корфармои худ хоҳиш кунед, ки ба шумо ба корти шумо ҳисоб кунад ва ба ӯ реквизитҳои суратҳисобро диҳед. Чӣ тавр маошро ба Tinkoff Black интиқол додан мумкин аст

Пули нақдро ройгон гирифтан. Агар ба шумо пули нақд лозим бошад, шумо метавонед онро ҳамеша аз корт аз банкомат гиред. Корти Tinkoff Black қулай аст, зеро он ба шумо имкон медиҳад, ки пули нақдро бе комиссия бигиред: дар банкоматҳои Тинкофф — дилхоҳ маблағ ва дар банкоматҳои бонкҳои дигар — аз 3 000 то 100 000 ₽.

Суратҳисоби корти худро бе комиссия пур кардан. Пулро ба корт бе маҳдудият ва тавассути банкоматҳои дилхоҳ ройгон гузоштан, инчунин, аз кортҳои бонкҳои дигар пур кардан мумкин аст. Масалан, агар шумо дар бонки дигар маош гиред, шумо метавонед онро ба Tinkoff Black ройгон интиқол диҳед, то ба наздиконатон пул фиристед.

Ба наздиконатон кортҳои ройгон дархост кардан. Шумо метавонед ба корти Tinkoff Black ба номи шахси дигар корти пластикии иловагӣ кушоед. Агар хоҳед, ки ба хешовандонатон дар хориҷа корти иловагӣ диҳед, онро дар Русия гиред ва худатон ба онҳо супоред.

Чӣ тавр корти иловагӣ дархост кардан мумкин аст:

  • Дар барномаи Тинкофф, ба поёни қисмати «Главная» гузаред ва «Открыть новый счет или продукт»-ро пахш намоед.
  • Баъдан, «Заказать допкарту» → «Допкарта Tinkoff Black»-ро интихоб намоед.
  • Интихоб кунед, кӣ кортро истифода мебарад: шумо метавонед онро барои худ ё шахси дигар бароред.
Банк
23 декабря 2022

Как вам статья?

Оформите дебетовую карту Tinkoff Black

Выгодная карта для переводов за рубеж и не только