Дархост барои корт

Ба хориҷиён барои гирифтани корти Tinkoff Black чи лозим аст?

Дархостро дар сомонаи бонк гузоред, панҷ дақиқа вақтро мегирад. Пас аз дархост мо вақт ва ҷои дилхоҳ ба шумо вохӯрӣ барои гирифтани корт пешниҳод мекунем. Расонидани корт ройгон аст.
Пеш аз вохӯрӣ бо намояндаи бонк мо ёдрас менамоем, ки кадом ҳуҷҷатҳоро бо худ бояд бигиред. Ин метавонад корти муҳоҷиратӣ, патент барои кор, иҷозаи иқомат (вид на жительство) ё раводид бошад, ки аз шаҳрвандӣ вобаста аст.

Чи тавр барои гирифтани корти бонк дархост кардан мумкин аст?

Дастурҳоро риоя кунед:
  1. Дархостро дар сомонаи бонк пур кунед.
    Дар дархост номи пурра, рақами телефон, санаи таваллуд ва суроғаеро, ки кортро ба он ҷо расонидан мумкин аст, нишон додан кифоя аст. Шакл пешниҳод мекунад, ки номи худро ба лотинӣ нависед, ки бояд дар корт гузошта шавад.
    Агар шумо шаҳрвандии Русияро надошта бошед, пас барои дархост ба шумо шиносномаи хориҷӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи будубош дар ҳудуди Русия лозим мешавад.
  2. Тасдиқро интизор шавед ва барои гирифтани корт дар ҷой ва вақти қулай ба шумо вохӯрӣ таъин кунед.
    Расонидани корт ройгон аст. Шумо метавонед кортро танҳо дар қаламрави Русия гиред. Оё корт ба шаҳри ман расонида мешавад
  3. Дар давоми 1—2 рӯз намояндаи бонк ба шумо корт меорад.
    Агар шумо дар дархост макон ва вақти қабули корт бароятон қулайро нишон дода бошед, дар рӯзи вохӯрӣ ба шумо СМС бо ёдоварӣ меояд ва тақрибан як соат пеш аз вақти таъиншуда намояндаи бонк занг мезанад. Дар вохӯрӣ тамоми ҳуҷҷатҳои, ки дар дархост нишон додаед, лозим меояд. Ман чӣ тавр кортро мегирам

Барои гирифтани корти дебети кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои дархости корт, ному насаб, санаи таваллуд, рақами телефон ва маълумоти шиноснома лозим аст.
Агар шумо шаҳрвандии Русия надошта бошед, дар вохӯрӣ барои гирифтани корт ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳузури шумо дар қаламрави Русия лозим мешавад. Ин метавонад корти муҳоҷиратӣ, патент барои кор, иҷозаи иқомат (вид на жительство) ё раводид бошад, ки аз шаҳрвандӣ вобаста аст. Агар шумо шаҳрвандии Русия дошта бошед, танҳо шиносномаи Русия лозим аст.

Ки метавонад корти Tinkoff Black гирад?

Шаҳрванди Русия ё хориҷие, ки дар кишвар қонунӣ истиқомат мекунад, аз 14 сола боло. Пас аз тасдиқи дархости корт бонк барои шумо суратҳисоб мекушояд ва ба ин суратҳисоб корт медиҳад. Дар корт номи соҳиби суратҳисоб нишон дода мешавад.
Корти иловагии бонкиро барои ҳама дархост кардан мумкин аст: ҳамсар, волидайн ё дӯст. Дорандаи корти иловагӣ бо кӯмаки он ба пули дар суратҳисоби шумо буда дастрасӣ пайдо мекунад. Шумо метавонед лимитро муқаррар кунед — пас соҳиби корти иловагӣ наметавонад аз маблағи муайян бештар харҷ кунад. Агар хоҳед, ки ба наздиконатон корти иловагӣ диҳед, онро дар Русия дастрас кунед ва худатон ба онҳо диҳед. Барои ин, дар барномаи Tinkoff зерин тугмачаҳоро пахш кунед: «Главная» → «Открыть новый счет или продукт» → «Заказать допкарту» → «Для себя».
Метавонед барои корти иловагӣ тавассути барномаи Tinkoff ё утоқи шахсии tinkoff.ru лимит муқаррар кунед.
1. Дар барнома кортро интихоб кунед → тугмачаи «Лимит по карте» ё «Установить лимит»-ро пахш кунед, агар онро бори аввал муқаррар карда истода бошед.
Дар утоқи шахсӣ кортро дар рӯйхати суратҳисобҳо интихоб кунед → тугмачаи «Лимиты»-ро пахш кунед.
2. Маблағеро, ки барои корти иловагӣ ҳарҷ кардан мумкин аст, ворид кунед.
3. Намуди лимитро интихоб кунед:
  • дар як ҳафта — лимит ҳар ҳафта нав карда мешавад;
  • дар як моҳ — лимит ҳар моҳ нав карда мешавад;
  • бемӯҳлат — аз рӯи корт аз маблағи интихобшуда зиёдтар ҳарҷ кардан мумкин нест. Вақте ки маблағи иҷозатдодашуда ҳарҷ карда мешавад, лимитро нав ё ҳармоҳа кардан мумкин аст.
4. Тугмачаи «Готово»-ро пахш кунед — лимит муқаррар карда шуд.
Барои маҳдуд кардани харидҳо аз интернет, кортро интихоб кунед → ба поён то банди «Настройки карты» равед → тугмачаи «Покупки в интернете»-ро ғайрифаъол кунед.
Агар нахоҳед, ки аз корт пулҳои нақд гирифта шавад, ин имкониятро дар барномаи мобилӣ ғайрифаъол кунед: дар қисмати «Главная» кортро интихоб кунед → «Настройки карты» → «Снятие наличных»-ро пахш кунед. Вақте ки пули нақд лозим аст, метавонед ин опсияро зуд фаъол гардонед.

Аз кадом синну сол корти Tinkoff Black-ро дархост кардан мумкин аст?

Корти дебетиро аз синни 14-солагӣ гирифтан мумкин аст. Шумо танҳо дар сомона дархост гузошта, маълумоти шиносномаатонро нишон диҳед. То ба синни 18-солагӣ расидани шумо барои хизматрасониҳои корт маблағ талаб карда намешавад.

Оё ман метавонам барои хешовандони худ дар хориҷа кортро дархост намоям?

Бале, аммо ин кортҳо ба суратҳисоби шумо пайваст карда мешаванд. Tinkoff кортҳоро берун аз Русия намерасонад, аз ин рӯ агар шумо хоҳед, ки ба наздиконатон корти иловагӣ диҳед, метавонед онро дар Русия дастрас кунед ва худатон ба онҳо супоред.
Дар барномаи мобилӣ корти иловагиро дархост намоед:
  1. Дар рӯйхати суратҳисобҳо дар саҳифаи асосӣ, суратҳисоберо, ки ба он корт мебароред, интихоб кунед.
  2. Тугмачаи «+» → «Выпустить новую карту»-ро пахш кунед.
  3. Интихоб кунед, ки ба номи кӣ корт кушода мешавад: ба номи худ ё хешованд.
Пас аз дархост мо ба шумо пешниҳод мекунем, ки кортро дар куҷо ва кай қулай аст, гиред. Расонидани корт ройгон аст. Аз шумо кортро ба наздикон додан лозим аст.
Шумо метавонед лимитро муқаррар кунед — пас соҳиби корти иловагӣ наметавонад аз маблағи муайян бештар харҷ кунад.
Метавонед барои корти иловагӣ тавассути барномаи Tinkoff ё утоқи шахсии tinkoff.ru лимит муқаррар кунед.
1.  Дар барнома кортро интихоб кунед → тугмачаи «Лимит по карте» ё «Установить лимит»-ро пахш кунед, агар онро бори аввал муқаррар карда истода бошед.
Дар утоқи шахсӣ кортро дар рӯйхати суратҳисобҳо интихоб кунед → тугмачаи «Лимиты»-ро пахш кунед.
2.  Маблағеро, ки барои корти иловагӣ ҳарҷ кардан мумкин аст, ворид кунед.
3.  Намуди лимитро интихоб кунед:
  • Дар як ҳафта — лимит ҳар ҳафта нав карда мешавад.
  • Дар як моҳ — лимит ҳар моҳ нав карда мешавад.
  • Бемӯҳлат — аз рӯи корт аз маблағи интихобшуда зиёдтар ҳарҷ кардан мумкин нест. Вақте ки маблағи иҷозатдодашуда ҳарҷ карда мешавад, лимитро нав ё ҳармоҳа кардан мумкин аст.
4.  Тугмачаи «Готово»-ро пахш кунед — лимит муқаррар карда шуд.
Барои маҳдуд кардани харидҳо аз интернет, кортро интихоб кунед → ба поён то банди «Настройки карты» равед → тугмачаи «Покупки в интернете»-ро ғайрифаъол кунед.
Агар нахоҳед, ки аз корт пулҳои нақд гирифта шавад, ин имкониятро дар барномаи мобилӣ ғайрифаъол кунед: дар қисмати «Главная» кортро интихоб кунед → «Настройки карты» → «Снятие наличных»-ро пахш кунед. Вақте ки пули нақд лозим аст, метавонед ин опсияро зуд фаъол гардонед.

Чаро дархости корти ман бекор карда шуд?

Бонк на ҳамеша метавонад ба шумо бигӯяд, ки чаро дархости корти дебетиро бекор кардааст. Агар чунин имконият бошад, вай дар ин бора дар паёмак ирсол мекунад. Сабабҳои маъмултарини бекоркунии дархост инҳоянд:
  • корманди бонк натавонист бо шумо тавассути телефон тамос гирад;
  • шумо аллакай корти дебетии Tinkoff доред;
  • шумо аллакай дархост барои корт фиристодаед ва бонк то ҳол онро баррасӣ накардааст. Дар ин ҳолат, баррасии дархости аввалро интизор шавед: бонк ҳатман шуморо огоҳ мекунад.

Корти Tinkoff Black дархост кунед ва пулро ба кишварҳои ИДМ ройгон интиқол диҳед

Выберите дизайн карты
Иванов Алексей Петрович
+7 (921) 123-45-67
ivan@domain.ru
01.08.1977

Гражданство РФ?

Уже заполнено
5%
+60% за контактную информацию

Шояд ба шумо писанд меояд