Бале, аммо ин кортҳо ба суратҳисоби шумо пайваст карда мешаванд. Tinkoff кортҳоро берун аз Русия намерасонад, аз ин рӯ агар шумо хоҳед, ки ба наздиконатон корти иловагӣ диҳед, метавонед онро дар Русия дастрас кунед ва худатон ба онҳо супоред.
Дар барномаи мобилӣ корти иловагиро дархост намоед:
- Дар рӯйхати суратҳисобҳо дар саҳифаи асосӣ, суратҳисоберо, ки ба он корт мебароред, интихоб кунед.
- Тугмачаи «+» → «Выпустить новую карту»-ро пахш кунед.
- Интихоб кунед, ки ба номи кӣ корт кушода мешавад: ба номи худ ё хешованд.
Пас аз дархост мо ба шумо пешниҳод мекунем, ки кортро дар куҷо ва кай қулай аст, гиред. Расонидани корт ройгон аст. Аз шумо кортро ба наздикон додан лозим аст.
Шумо метавонед лимитро муқаррар кунед — пас соҳиби корти иловагӣ наметавонад аз маблағи муайян бештар харҷ кунад.
Метавонед барои корти иловагӣ тавассути барномаи Tinkoff ё утоқи шахсии tinkoff.ru лимит муқаррар кунед.
1. Дар барнома кортро интихоб кунед → тугмачаи «Лимит по карте» ё «Установить лимит»-ро пахш кунед, агар онро бори аввал муқаррар карда истода бошед.
Дар утоқи шахсӣ кортро дар рӯйхати суратҳисобҳо интихоб кунед → тугмачаи «Лимиты»-ро пахш кунед.
2. Маблағеро, ки барои корти иловагӣ ҳарҷ кардан мумкин аст, ворид кунед.
3. Намуди лимитро интихоб кунед:
- Дар як ҳафта — лимит ҳар ҳафта нав карда мешавад.
- Дар як моҳ — лимит ҳар моҳ нав карда мешавад.
- Бемӯҳлат — аз рӯи корт аз маблағи интихобшуда зиёдтар ҳарҷ кардан мумкин нест. Вақте ки маблағи иҷозатдодашуда ҳарҷ карда мешавад, лимитро нав ё ҳармоҳа кардан мумкин аст.
4. Тугмачаи «Готово»-ро пахш кунед — лимит муқаррар карда шуд.
Барои маҳдуд кардани харидҳо аз интернет, кортро интихоб кунед → ба поён то банди «Настройки карты» равед → тугмачаи «Покупки в интернете»-ро ғайрифаъол кунед.
Агар нахоҳед, ки аз корт пулҳои нақд гирифта шавад, ин имкониятро дар барномаи мобилӣ ғайрифаъол кунед: дар қисмати «Главная» кортро интихоб кунед → «Настройки карты» → «Снятие наличных»-ро пахш кунед. Вақте ки пули нақд лозим аст, метавонед ин опсияро зуд фаъол гардонед.