Бо рақами телефон интиқол додан

Чи тавр маблағро бо рақами телефон интиқол додан мумкин аст?

Шумо метавонед маблағро ба корти бонки дилхоҳ дар барномаи мобилии Tinkoff ва утоқи шахсӣ дар tinkoff.ru тавассути қисмати «Платежи» интиқол диҳед. Агар аз ҷониби мо комиссия бошад, мо огоҳ мекунем.
Метавонед интихоб кунед, ки ба кадоме аз суратҳисобҳои бонкии қабулкунанда маблағ интиқол диҳед, ё ба ӯ интиқолро бо истинод (ссылка) фиристед — ӯ ба куҷо дохил шуданашро интихоб мекунад.
  • Дар барномаи мобилии Tinkoff: тугмачаҳои «Платежи» → «Переводы по телефону»-ро пахш кунед. Рақами телефонро ворид кунед ё аз рӯйхат интихоб кунед, бонки қабулкунанда ё усули дигари интиқолро интихоб кунед, маблағи интиқолро нависед ва «Перевести»-ро пахш кунед.
  • Дар утоқи шахсӣ дар tinkoff.ru: «Платежи» → «Перевести» → «По номеру телефона»-ро пахш кунед. Рақами телефони қабулкунандаро нависед, маблағи интиқолро ворид кунед, бонки қабулкунанда ё усули дигари интиқолро интихоб кунед ва «Перевести»-ро пахш кунед.
Интиқолҳо ба кортҳои Tinkoff барои ҳама гуна маблағ бе комиссия мебошанд. Комиссия барои интиқол ба бонкҳои дигар аз усули интиқол вобаста аст:
  • аз рӯи реквизитҳои суратҳисоб — 0%;
  • тавассути Системаи пардохтҳои зуд — 0%;
  • бо рақами корт ё телефон то 20 000 ₽ барои давраи ҳисоботӣ — 0%;
  • бо обунаи Tinkoff Pro бо рақами корт ё телефон то 50 000 ₽ барои давраи ҳисоботӣ — 0%;
  • бо рақами корт ё телефон зиёда аз 20 000 ₽ — 1,5% аз маблағи изофа, минимум 30 ₽.
Бонкҳои дигар метавонанд ҳангоми интиқол ба кортҳои худ комиссияи иловагӣ гиранд.
Метавонед дар вақти дилхоҳ маблағ интиқол диҳед. Мӯҳлати гузарондани маблағ аз намуди интиқол вобаста аст:
  • ба кортҳои Tinkoff — фавран;
  • ба кортҳои дигар бонкҳо — аз якчанд сония то як рӯзи тақвимӣ;
  • ба суратҳисоби бонкӣ — аз якчанд сония то як рӯзи тақвимӣ, баъзан то 5 рӯзи корӣ.
Агар ин мӯҳлатҳо гузашта бошанд, аммо то ҳол интиқол иҷро нашуда бошад, ба чат дар барнома нависед — мо ҳал мекунем.
Маблағи максималии интиқол — 150 000 ₽. Дар як шабонарӯз на бештар аз 10 интиқол аз як корт.
Ҳамзамон, бонкҳои дигар метавонанд барои пур кардани маблағ бо истифода аз интиқоли байнибонкӣ маҳдудиятҳои худро дошта бошанд. Агар шумо бо чунин маҳдудият дучор шавед, мо огоҳ мекунем ва интиқолро намегузаронем.

Чи тавр интиқоли мунтазамро бо рақами телефон танзим кардан мумкин аст?

Аз рӯи реквизитҳои бонкӣ як қолаби интиқол бисозед ва пас онро автоматӣ ва мунтазам анҷом диҳед.
Сохтани қолаб. Агар шумо пардохтҳои такрорӣ дошта бошед — мисол, пур кардани тавозуни телефон, пардохти иҷора ё интиқоли маблағ барои ҳароҷотҳои ҷайбии кӯдак (карманные расходы) — сохтани қолаб барои онҳо қулай аст. Сипас, лозим нест, ки ҳама маълумотро ҳар дафъа дубора ворид кунед (мисол, рақами корт).
Қолабро чӣ тавр сохтан мумкин аст:
  1. Дар рӯйхати рӯйдодҳо амалиётро, ки барои он қолаб сохтан мехоҳед, пахш кунед.
  2. «Добавить в избранное»-ро пахш кунед ва ба қолаб ном диҳед. Мисол, «Интиқол ба модар». «Сохранить»-ро пахш кунед.
  3. Рамзро аз огоҳиномае, ки мо мефиристем, ворид кунед. Тамом, акнун ба шумо лозим нест, ки ҳар дафъа маълумотро ворид кунед. Рӯйхати қолабҳо дар қисмати «Платежи» → «Избранное» дастрас аст.
Мунтазам кардани амалиёт. Мисол, ҳар рӯзи аввали моҳ шумо ба дӯстатон 10 000 ₽ интиқол медиҳед. Барои мунтазам кардани ин интиқол:
  1. Ба қисматҳои «Платежи» → «Избранное» гузаред.
  2. Қолаби лозимиро интихоб кунед → «Детали счета» — аломати ⚙ дар кунҷи рости боло пахш кунед → «Редактировать» → «Сделать регулярным».
  3. Давриятро интихоб кунед — чанд вақт амалиётро мувофиқи қолаб анҷом додан лозим аст: як маротиба дар ҳафта ё як маротиба дар як моҳ → санаи пардохт ва санаи анҷом додани онро интихоб кунед.
  4. Рамзро аз огоҳиномае, ки мо мефиристем, ворид кунед. Тамом, акнун шумо метавонед амалиётро фаромӯш кунед: бонк пардохтро автоматӣ анҷом медиҳад.
Имконияти мазкур танҳо дар Русия дастрас аст. Барои интиқол ба хориҷа бо рақами телефон, ин функсия дастрас нест.

Корти Tinkoff Black дархост кунед ва пулро ба кишварҳои ИДМ ройгон интиқол диҳед

Выберите дизайн карты
Иванов Алексей Петрович
+7 (921) 123-45-67
ivan@domain.ru
01.08.1977

Гражданство РФ?

Уже заполнено
5%
+60% за контактную информацию

Шояд ба шумо писанд меояд