Бо рақами телефон интиқол додан

Чи тавр бо рақами телефон ба Тоҷикистон пул фиристодан мумкин аст?

Метавонед пулро дар барномаи Tinkoff интиқол диҳед, агар шумо аллакай корти Tinkoff Black дошта бошед.  Кортро дархост кардан

Дастурҳоро риоя кунед:

  1. Барномаи Tinkoff  барои Android насб кунед. Бо рақами телефони худ ба барнома ворид шавед. Чӣ тавр барномаҳои Tinkoff-ро дар iPhone пас аз хориҷкунӣ аз App Store истифода бурдан мумкин аст
  2. Барои интиқоли маблағ дар барнома дар поёни экран тугмачаҳои «Платежи» → «Переводы по телефону»-ро пахш кунед.
  3. Дар экране, ки кушода мешавад, аломати парчам ва рамзи кишвари ИДМ-ро, ки шумо ба онҷо маблағ интиқол медиҳед, интихоб кунед.
  4. Рақами телефони қабулкунандаро, ки дар хориҷа мебошад, ворид кунед.
  5. Маблағи интиқолро ворид кунед ва тугмачаи «Перевести»-ро пахш кунед.
  6. Тайёр! Интиқол фавран ба корти қабулкунанда мегузарад.

Содатарин роҳ барои интиқоли маблағ ба хешовандон дар хориҷа: дар барномаи Tinkoff тугмачаҳои «Платежи» → «Переводы по телефону»-ро интихоб кунед → аз рӯйхат рамзи кишварро интихоб кунед → рақами телефон ва маблағро бо рубл ё пули миллӣ ворид кунед

Лимитҳои интиқол чӣ гунаанд?

Мӯҳлати интиқол чӣ қадар аст?

Маблағро ҳам бо рубл ва ҳам бо пули миллӣ интиқол додан мумкин аст. Агар шумо бо пули миллӣ интиқол диҳед, асъор бозҳисоб карда мешавад.

Агар шумо мунтазам маблағро ба наздикон ё ҳамсар дар хориҷа интиқол диҳед, шояд ба шумо фармоиш кардани кортҳои иловагӣ барои онҳо қулай бошад. Кортҳо ба суратҳисоби шумо пайваст мешаванд. Шумо метавонед лимити хароҷотро муқаррар кунед ва ҳарҷи маблағҳоро назорат кунед. Барориш, расонидан ва хизматрасонии кортҳои иловагӣ ройгон астанд. Шумо бояд худатон дар Русия корти иловагӣ гиред ва ба хешовандони худ дар хориҷа супоред. Муфассалтар оиди корти иловагӣ

Ба кадом бонкҳо интиқол фиристодан мумкин аст?

Феҳристи актуалии бонкҳо-шарикон барои интиқоли маблағ ба хориҷаро шумо дар барномаи Tinkoff пайдо карда метавонед. 

➡️Насб кардани барномаи Tinkoff барои Android

➡️Чӣ тавр барномаҳои Tinkoff-ро дар iPhone пас аз хориҷкунӣ аз App Store истифода бурдан мумкин аст
Барои дидани феҳристи бонкҳо, дар барномаи Tinkoff ба қисмати «Платежи» гузаред → «По номеру телефона»-ро интихоб кунед → рамзи кишвари ИДМ ва рақами телефони қабулкунандаро нависед. Пас аз ин, шумо феҳристи бонкҳое, ки барои интиқол дастрас мебошанд, мебинед.

Агар феҳрист нишон дода нашавад, кӯшиш кунед, ки бонкро дастӣ интихоб кунед. Барои ин, тугмачаи «Другой банк»-ро интихоб карда ва аз феҳрист бонки лозимиро интихоб кунед.

Инчунин, метавонед пулро аз корти Tinkoff ба корт дар хориҷа бо роҳҳои дигар интиқол диҳед: бо истифода аз рақами корти қабулкунанда ё реквизитҳои суратҳисоби бонкии ӯ дар хориҷа. Барои истифодаи яке аз ин усулҳо, дар барномаи Tinkoff ба қисмати «Платежи» гузаред ва «По номеру карты» ё «По реквизитам»-ро интихоб кунед.

Комиссия барои интиқоли байналмилали бо истифода аз рақами телефон чи қадар аст? Ки онро пардохт мекунад: ирсолкунанда ё қабулкунандаи интиқол?

То 20 000 ₽ дар моҳ ба кишварҳои ИДМ бо рақами телефон бе комиссия фиристодан мумкин аст.

Агар маблағ зиёд бошад, аз ҷониби бонк 1% аз маблағе, ки аз лимит зиёд аст, гирифтаа мешавад. Мисол, агар шумо 25 000 ₽ интиқол диҳед, пас бонк танҳо аз 5000 ₽ комиссия мегирад — 50 ₽.

Интиқолдиҳанда комиссияи байналмилалиро пардохт мекунад: бонк онро ба маблағи интиқол илова мекунад. Мо маблағи фиристодашударо бо назардошти комиссия нишон медиҳем, ҳама чиз дар як экран шаффоф аст.

Корти Tinkoff Black дархост кунед ва пулро ба кишварҳои ИДМ ройгон интиқол диҳед

Выберите дизайн карты
Иванов Алексей Петрович
+7 (921) 123-45-67
ivan@domain.ru
01.08.1977

Гражданство РФ?

Уже заполнено
5%
+60% за контактную информацию

Шояд ба шумо писанд меояд